2 МЛН. ДОЛЛАР КӮМАКИ ТЕХНИКӢ

Май 31, 2010 09:39

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи сохтори нави    «равзанаи ягона» тасдиқ ва қабул гардид. Дар ин бора аз Раёсати сиёсати савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Бино ба гуфти Л. Кислякова дар марҳилаи аввал дастуруламал дар бораи Шӯрои мутобиқат тартиб дода шуда, Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба татбиқи «равзанаи ягона» дар назди низоми гумрукӣ таъсис дода мешавад. Шӯрои мутобиқат аз болои Корхонаи воҳиди давлатӣ назорат мебарад. Тибқи дастуруламал, ба  Шӯрои мутобиқат намояндагони ҳамаи вазорат ва идораҳое, ки дар татбиқи лоиҳа  ҳуҷҷатҳои лозимаро оид ба амалиёт ба содироту воридот пешниҳод намудаанд, дохил мегарданд. Дар баробари ин, ба шӯрои мазкур намояндагии Иттиҳоди Аврупо чун донор дохил гардида, лоиҳаро аз ҷиҳати техникӣ  дастгирӣ менамояд. Аз рӯи баҳои пешакӣ, Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии техникии лоиҳаи «равзанаи ягона» 2 млн. доллар ҷудо менамояд.

Май 31, 2010 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст