АСАРҲОИ ШОИРОНИ ШАРҚУ ҒАРБ ДАР МАҶАЛЛАИ НАВ

Май 27, 2010 08:51

Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Шумораи аввалини маҷаллаи адабӣ-бадеии «Шарқу ғарб», ки муассисаш Академияи мусаввири Тоҷикистон мебошад, бо ташаббуси зумраи адибони тоҷик аз чоп баромад. Дар шумораи нахустини он осори шоирону нависандагон, адибону мусаввирони хориҷиву ватанӣ  рўи чоп омаданд. Аз ҷумла, зери рубрикаҳои «100 ҳикояи асри ХХ адабиёти тоҷик», «100 китоби бузург», «Тарҷумаҳои нав», «100 мусаввараи бузург», «Ҳикояҳои адибони ҷаҳон» ва «100 нависандаи бузург» ҳикояву асарҳо ва шеърҳои офаридаи адибону шоирони кишварҳои Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Амрико, Хитой,  Ҳиндустон, Германия, Эрон, Австралия, Белорус манзури хонанда гардидааст.  Маҷалла имкон медиҳад, ки хонанда аз осори бузурги эҷодкорони ғарбу шарқ огоҳӣ пайдо намояд.  Ба қавли сардабири маҷалла Абдуғаффори Абдуҷаббор, нашри маҷаллаи нав як риштае хоҳад буд, баҳри пайванди тоҷикистониён бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа низ мусоидат хоҳад кард.  

Май 27, 2010 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад