АСАРҲОИ ШОИРОНИ ШАРҚУ ҒАРБ ДАР МАҶАЛЛАИ НАВ
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Шумораи аввалини маҷаллаи адабӣ-бадеии «Шарқу ғарб», ки муассисаш Академияи мусаввири Тоҷикистон мебошад, бо ташаббуси зумраи адибони тоҷик аз чоп баромад. Дар шумораи нахустини он осори шоирону нависандагон, адибону мусаввирони хориҷиву ватанӣ рўи чоп омаданд. Аз ҷумла, зери рубрикаҳои «100 ҳикояи асри ХХ адабиёти тоҷик», «100 китоби бузург», «Тарҷумаҳои нав», «100 мусаввараи бузург», «Ҳикояҳои адибони ҷаҳон» ва «100 нависандаи бузург» ҳикояву асарҳо ва шеърҳои офаридаи адибону шоирони кишварҳои Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Амрико, Хитой, Ҳиндустон, Германия, Эрон, Австралия, Белорус манзури хонанда гардидааст. Маҷалла имкон медиҳад, ки хонанда аз осори бузурги эҷодкорони ғарбу шарқ огоҳӣ пайдо намояд. Ба қавли сардабири маҷалла Абдуғаффори Абдуҷаббор, нашри маҷаллаи нав як риштае хоҳад буд, баҳри пайванди тоҷикистониён бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа низ мусоидат хоҳад кард.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






