ДАР МУБОРИЗА БО МАЛАХ ТАЪХИР КАРДА ШУД
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ Шералӣ Бобобеков, соли ҷорӣ бо сабаби сари вақт дастрас нашудани маводи кимиёвю сӯзишворӣ барои тракторҳои дорупошии ОВХ, малах ба замини кишти деҳконон дар ноҳияҳои тобеи марказ таҳдид мекунад. Агар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар аввали моҳи май ҳамагӣ дар 12 ҳазор гектар малах мушоҳида шуда бошад, рӯзҳои 27 -28 уми май аллакай майдони парвози малах дар 20 ҳазор гектар муайян карда шудааст, ки танҳо майдони 6 ҳазору 400 гектари он бо заҳрхимикатҳо коркард шудааст. Ба гуфти сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев, бо вуҷуди сафарбарии умумии аҳолӣ нест кардани малах бе маблағ, заҳрхимикат ва сӯзишворӣ, ки омилҳои асосии нобуди он маҳсуб мегарданд, имкон надорад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






