КӮМАКИ СММ БАРОИ ПЕШРАФТИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов 27 май дар Душанбе бо ҳайати Фонди байналмилалии рушди соҳаи кишоварзӣ таҳти роҳбарии Малеҳ Ҳамид Ҳусейн мулоқот кард. М.Ҳамид ба вазир хабар дод, ки барномаи рушди соҳаи чорводорӣ ва истифодаи чарогоҳҳои Тоҷикистон дар фонди мазкур умуман дастгирӣ карда шуд ва барои амалӣ сохтани он 18 миллион доллари ИМА ҷудо карда мешавад. Ҳадафи барнома зиёд кардани ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст гардонидани сатҳи камбизоатӣ дар 12 ҳазор хоҷагии шахсӣ мебошад. Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов зикр кард, ки соҳаи чорводорӣ ва хусусан соҳаи зотпарварии мамлакат дар давоми солҳои охир тақрибан барҳам хӯрдааст. Вале ин соҳа барои беҳтар сохтани зиндагии аҳолӣ ва иҷрои барномаи амнияти озуқавории мамлакат кӯмаки калон расонда метавонад. Зимни мулоқот зарурати омода сохтани заминаи қонунгузорӣ барои рушди соҳаи чорводорӣ махсус таъкид карда шуд. Вазир қайд намуд, ки барномаи СММ барои барқарор сохтани соҳа ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум дар минтақаҳои алоҳида нақши муҳим бозида метавонад. Вазорати кишоварзӣ айни ҳол ба таҳияи лоиҳаи барномаи ислоҳоти соҳа машғул мебошад. Вазир супориш дод, ки фаъолияти муштараки гурӯҳи кории СММ – ро бо ташкилотҳои маҳаллӣ ба кор монда, имкониятҳои ноҳияҳои вилояти Хатлон омӯхта шавад, ки барнома дар онҳо амалӣ карда хоҳад шуд. Фонди байналмилалии рушди соҳаи кишоварзии СММ яке аз муассисаҳои он буда, соли 1977 ташкил ёфтааст. Фонди мазкур ба мамлакатҳои камбизоату қафомонда, барои беҳтар сохтани вазъияти соҳаи кишоварзӣ кӯмак мерасонад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






