МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ЯҲЁ МАЪРУФӢ

Май 19, 2010 16:19

19 майи соли 2010 дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Яҳё Маъруфӣ масоили вобаста ба татбиқи санадҳои дар доираи ин созмон имзошуда, аз ҷумла «Дурнамои ЭКО то соли 2015», ки ҳадафи асосии он таъмини тиҷорати озод дар қаламрави кишварҳои аъзои Эко аст, баррасӣ шуд. Соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди нерўгоҳҳои хурду бузурги обӣ дар Тоҷикистон ва интиқоли нерўи барқи арзону таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар ва интиқоли он ба кишварҳои  ниёзманд аз самтҳои муҳимтарин ва босамартарини ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Сохтмони шабакаҳои нави пулу нақбҳо ва роҳҳои оҳану мошингард (бахусус аз шаҳрҳои бандарӣ ба Осиёи Марказӣ) ва баланд бардоштани нақши транзитии Афғонистон аз самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ маънидод карда шуд. «Тоҷикистон  омода аст ҳамеша барои татбиқи амалии стратегияи созандаи Созмони ЭКО талош дошта бошад», — изҳор намуд дар хулосаи сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 19, 2010 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд