РУШДИ КИШОВАРЗӢ ВА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Май 31, 2010 09:44

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ хеле хуб таъкид кардааст, ки «… таъмини  ҳадафи стратегии ҳукумат ва ё амнияти озуқавории мамлакат аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста аст». Дар ҷойи дигари ҳамин Паём омадааст: « Дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли ҷорӣ низ давом дода мешавад. Ба ин соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ тавассути бонкҳои кишвар  ба таври илова 130 млн. сомонӣ қарзхои имтиёзнок дода мешавад» Ин тадбир имкон медиҳад, ки  деҳқонон аз фоизи баланди бонкӣ озод гардида, истеҳсоли маҳсулоташонро зиёд  намоянд. Бино ба гуфти  сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов, танҳо дастгирии молиявии давлатӣ метавонад хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) –ро аз қарз озод намуда, соҳибкориро дар соҳаи кишоварзӣ чун соҳаҳои дигари ҳаёт рушду пешрав гардонад.

Май 31, 2010 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад