РУШДИ КИШОВАРЗӢ ВА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ хеле хуб таъкид кардааст, ки «… таъмини ҳадафи стратегии ҳукумат ва ё амнияти озуқавории мамлакат аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста аст». Дар ҷойи дигари ҳамин Паём омадааст: « Дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли ҷорӣ низ давом дода мешавад. Ба ин соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ тавассути бонкҳои кишвар ба таври илова 130 млн. сомонӣ қарзхои имтиёзнок дода мешавад» Ин тадбир имкон медиҳад, ки деҳқонон аз фоизи баланди бонкӣ озод гардида, истеҳсоли маҳсулоташонро зиёд намоянд. Бино ба гуфти сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов, танҳо дастгирии молиявии давлатӣ метавонад хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) –ро аз қарз озод намуда, соҳибкориро дар соҳаи кишоварзӣ чун соҳаҳои дигари ҳаёт рушду пешрав гардонад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






