Э. РАҲМОН ДАР МАҶМААИ ШИФОБАХШӢ-САЙЁҲИИ ГАРМЧАШМАИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ
Бегоҳии рўзи 25-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи шифобахшӣ-сайёҳии Гармчашмаи ноҳияи Ишкошимро, ки дар ҷойи собиқ осоишгоҳи Гармчашма бо тарҳу нигоҳи замонавӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ намуд. Дар доираи омодагӣ ба солгарди 13 – уми Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар ҷойи собиқ осоишгоҳи Гармчашма бо харҷи 10 миллион сомонӣ 5 бинои нави иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бисёр шароити дигари табобат, фароғат ва саёҳат бунёд ёфтааст. Яке аз 5 бинои нав меҳмонхонаи Сомон ТМ бо тамоми шароити замонавӣ мебошад, ки ба қабули ҳама гуна меҳмонони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла меҳмонони олимақом мутобиқ аст. Як бинои нави фароғатию табобатӣ бо шароити пешқадами замонавӣ бунёд ёфта, биноҳои пешина мавриди навсозӣ қарор гирифтаанд. Маҷмааи варзишии Гармчашма иборат аз майдончаҳои баскетбол, волейбол ва теннис буда, хеле зебо ва мутобиқ ба талаботи мизоҷони соҳибзавқ бунёд ёфтааст. Дар паҳлўи он ҳамчунин майдончаҳои офтобдиҳии бадан алоҳида барои занон ва мардон мавҷуданд. Маҷмааи шифобахшӣ-сайёҳии Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим ҳамчунин дорои сомонаи интернетии garmchashma.tj мебошад, ки барои ҷалби сайёҳон ва эҳтиёҷмандони дохилию хориҷӣ омода гаштааст ва дар он тамоми иттилооти заруриро дар бораи кор ва шароити ин маҷмаа пайдо кардан мумкин аст. Маҷмаа ҳамчунин якчанд микроавтобус дорад, ки барои аз фурўдгоҳи шаҳри Хорўғ ба Гармчашма ва баръакс аз ин ҷо то фурўдгоҳ дастрас намудани мизоҷон ва бо хатсайрҳои сайёҳӣ гардондани сайёҳон пешбинӣ шудаанд. Имкониятҳои табобатию истироҳатии обҳои шифобахш ва табиати биҳиштосои ин мавзеъ ҳеҷ эҳтиёҷ ба тасвиру муаррифӣ надоранд, зеро ки манфиати фавқулоддаи онҳо натанҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дуру наздики хориҷӣ маъруфу машҳур аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






