МОШИНДУЗД ДАСТГИР ШУД

Июнь 25, 2010 15:12

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 24 июни соли равон аризаи шаҳрванд Обидов Саидҷаъфар, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳои Давлатии шаҳри Кӯлоб, ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри мазкур ворид гардид. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ рӯзи 24 июн автомашинаи шахсии С. Обидов, тамғаи «Нексия-Дайво» рақами давлатиаш АВ 50-44 РТ 01, ки дар назди донишгоҳ меистод рабудааст. Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Музафаров Шуҳратҷон, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиноятро содир намудааст, дастгир карда шуд. Далели шайъи гирифта шуд. Нисбати ин шахс парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.    

Июнь 25, 2010 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст