НИСБАТИ СОЛИ ГУЗАШТА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ МАҶАЛЛА КАМ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ

Июнь 29, 2010 14:12

Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ 20 рӯзномаи нав ва 5 маҷалла сабти ном шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 рӯзнома зиёд ва 19 маҷалла камтар аст. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, соли 2009 дар нимсолаи аввал 24 маҷалла ва 18 рӯзнома сабти ном шуда буд. Тибқи иттилои Раёсати табъу нашр ва матбуоти даврии вазорат соли ҷорӣ маҷаллаи «Паёми донишкадаи ҳарбӣ», «Осори Академия», «Навниҳол», «Ҷарроҳии Тоҷикистон» и «Паёми Пажуҳишгоҳ» ва ғайра ба қайд гирифта шудааст. Бештари ин маҷаллаҳо соҳавӣ буда, муассисони онҳо идораҳои гуногун мебошанд. Бояд гуфт, аз 20 рӯзномаи ба қайдгирифташуда («Аркон», «Мино», «Рӯзномаи Роҳнамо», «Мавқеъ», «Паёми Рашт», «Маърифати ҳуқуқӣ», «Ҳаёт», «Деловой вестник: Недвижимость: Работа и карьера», «Паёми Душанбе», «Имруз — news», «Деловой Таджикистан», «Экспресс газета в Таджикистане», «Дерматолог», «Лозар», «Набзи рӯз», «Оламафрӯз», «Иқбол», «Шикорчӣ», «Пайванд», «Заминсоз», «Ҳақиқати Суғд») 7-тоаш соҳавӣ ва боқимонда хусусӣ мебошанд. Аз инҳо 9-тоаш дар Душанбе, 8-то дар Суғд, 2-то дар ВМКБ ва 1-то дар Води Рашт нашр мешаванд. Ёдрас мешавем, ки то имрӯз дар Вазорати фарҳанг 240 рӯзнома ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 139-тоаш дар Душанбе чоп мешавад ва 52-тои он давлатӣ, 119-то ҷамъиятӣ, 32-то хусусӣ ва 37-то соҳавӣ мебошанд.

Июнь 29, 2010 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад