ТАЪСИСИ СОЗМОНИ НАВ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН

Июнь 11, 2010 10:56

Душанбе. 11 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як созмони нави журналистӣ — Маркази хабарсозии «Афкори ҷомеа» таъсис дода шуд. Муассиси Маркази хабарсозии «Афкори ҷомеа» журналисти варзида  Сайидо Назаров дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадаф  аз таъсиси ин марказ муттаҳид намудани журналистон дар мавриди ба вуҷуд овардани афкори ҷомеа дар мавзӯҳои гуногун аст. Маркази хабарсозии «Афкори ҷомеа» дар оянда бо шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ сӯҳбатҳои рӯ ба рӯро дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ба роҳ мемонад. Сайидо Назаров афзуд, ки  Маркази хабарсозии  «Афкори ҷомеа» алҳол фаъолиятро бо ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд оид ба пешгирии бемориҳои сил, СПИД ва ташакули тарзи ҳаёти солим ба роҳ мондааст.          Журналистон тибқи Оинномаи ин созмон  ҳуқуқ надоранд ба мавзӯҳои иғвоангезона  рӯ оранд. Сайидо Назаров мегӯяд, ки ояндаи наздик Маркази хабарсозии «Афкори ҷомеа» фаъоляити пойгоҳи интернетии худро ба роҳ мемонад.

Июнь 11, 2010 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд