ҲАМКОРИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ВАО ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абӯбакр). — 30 июн дар интернет – толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки котибони матбуоти мақомоти давлатӣ ва кормандони воситаҳои ахбори умуми қаламрави вилояти Суғд дар мавзӯи «Ҳамкории хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ бо васоити ахбори умум» семинар баргузор гардид. Семинари мазкур бо ибтикори Анҷумани миллии васоити ахбори умуми озоди Тоҷикистон ва Намояндагии Институт оид ба инъикоси масоили ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани вазъи кунунии дастрасӣ ба манбаи иттилоот дар сатҳи мақомоти давлатӣ ва дар ин раванд мустаҳкам намудани ҳамкории идораҳои давлатӣ бо ВАУ ташкил шудааст. Раиси Анҷумани миллии васоити ахбори умуми озоди Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар рафти семинар тазаккур дод, ки масъалаи дастрасӣ ба иттилоот дар таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти хокимияти иҷроияи давлатӣ муҳим аст. Иштирокдорони семинар роҷеъ ба нақши васоити ахбори умум дар инъикоси фаъолияти шохаҳои хокимият ва вазифаҳои хадамоти матбуот, имкониятҳои дастрасӣ ба манбаи иттилооти расмӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаи фаъолияти мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон, қоидаҳои ваколатдоркунии намояндагони васоити ахбори умум дар мақомоти ҳокимият, проблемаҳо ва дурнамо ва амсоли инҳо табодули назар карданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






