ҶАШНИ ВАҲДАТ ДАР ФАРХОР
Фархор, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бахшида ба 13 — умин солгарди ваҳдати миллӣ дар майдони Сомонии ноҳияи Фархор бо иштироки раиси ноҳия Қурбонбой Каримов ва намояндагони вилояти Хатлон чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар ин чорабинӣ беш аз 500 нафар шаҳрвандони ноҳия ширкат варзиданд. Дар аввал раиси ноҳия Қурбонбой Каримов ҳозиринро ба ин ҷашни фархунда табрику таҳният намуда зикр кард, ки бо ташаббус ва саъю кӯшиши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист бо ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва осоиштагӣ рӯ ба рӯ гардад. Ҳамчунин зикр кард, ки дар ин давра баланд гардидани иқтисодиёти кишвар, афзудани истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ, баланд бардоштани маошҳои соҳаи буҷетӣ ва дигар корҳое, ки барои мардуми кишвар зарурият дошт иҷро гардиданд. Бахшида ба ин ҷашни фархунда аз тарафи ҷамъияти матлубот ва бозори марказии ноҳия ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид, ки дар он маҳсулоти қаннодӣ, орд, равған, биринҷ, тухм, сабзавот, мевагӣ бо нархи арзон ба фуруш бароварда шуда дастраси мизоҷон гардид. Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии мазкур хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия ширкат варзида бахшида ба ҷашн шеърҳо қироат намуданд. Инчунин дар майдони варзишии ноҳия варзишгарон бо бозиҳои варзишӣ маҳорати худро ба ҳозирин нишон доданд. Дар охир кормандони шӯъбаи фарҳанги ноҳия бо савту навои худ хотири ҳозиринро шод гардонданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






