БА МАБЛАҒИ 18 МЛН. СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ
Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Ваҳдат сол то сол беҳтар мегардад. Саноатчиёни ноҳия дар давоми нимсолаи аввали соли 2010 ба маблағи 18 млн. 762 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд. Ин нишондиҳанда дар корхонаҳои расман ба қайд гирифташудаи тавлидкунандаи молҳои саноатӣ 6 млн. 350 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин давра дар корхонаҳои саноатии шаҳр 3453 метри мукааб керамзит, 302 ҳазор нусха бланка, 224 рулон симтӯр, 1 мн. 153 ҳазор дона хишт, 147 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти қаннодӣ, 1185 тонна орд, 650 тонна ангишт, 210 ҳазор метри тӯлонӣ қубурҳои полиэтиленӣ, 1185 мукааб шағал, 2265 мукааб рег, 4107 тонна арматура истеҳсол карда шудааст. Дар ин давра ҳамчунин аз коркарди пахтаи соли 2009 5 тоннаю 547 килограмм партови пахта барои мебел истеҳсол карда шудааст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






