ТВ «САФИНА» ЯКЕ АЗ ШАБАКАҲОИ МАШҲУР ДАР ХОРИҶИ КИШВАР
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Муассисаи давлатии ТВ «Сафина» ҳамчун дастгоҳи идеологии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар муддати шаш моҳи сипаригардидаи соли равон ба қадрӣ имкон чорабиниву рӯйдодҳои гуногунсатҳи давлатию ҷамъиятиро инъикос намуд. Дар ин бора Директори муассиса Лутфулло Давлатов дар мулоқот ба хабарнигорони дохиливу хориҷӣ иттилоъ дод. Ба қавли роҳбари ин шабакаи телевизионӣ кормандони ТВ «Сафина» дар ин давра корҳои эҷодии худро асосан дар самти инъикоси бандҳои алоҳидаи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ҷараёни баргузории ҷашнвораҳои миллӣ, аз ҷумла таҷлили бошукӯҳи 13- умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар ВМКБ дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид, равона намуда буданд. Вобаста ба ин рӯйдодҳои муҳим шурӯъ аз гузоришу маводҳои иттилоотиву барномаҳои алоҳидаи таҳлиливу маърифатӣ бо ширкати коршиносони соҳа таҳия ва манзури бинандагон гардонида шуд, таъкид гардид дар нишаст. Рӯи эфир омадани барномаҳои ҷадиду тоза ва корбасти дигаргуна дар банду басти барномаҳои доимӣ нишони ҷаҳду талоши кормандони муассиса дар самти беҳтарсозии сифати маводи пешниҳодшавандаи телевизионӣ маънидод гардид. Тарҷума ва дубляжи филмҳои гуногунжанр хуб ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба суоли хабарнигорон дар мавриди ҷалби кадрҳои ҷавон ба тарҷума ва овоздиҳии нақшҳо дар филмномаҳо Лутфулло Давлатов изҳор дошт, ки ТВ «Сафина» омода аст бо ҳамаи муассисаву идораҳои омодасозии мутахассисони соҳаи фарҳангу ҳунар, шахсони алоҳида ҳамкории амиқро ба роҳ монад. Дигар паҳлӯҳои фаъолияти телевизион низ дар мулоқоти масъулини муассиса бо хабарнигорон мвриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






