ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова). — Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ майдони киштшудаи ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо ҳамагӣ 333 ҳазору 100 гектар буда, то санаи 23 августи соли ҷорӣ майдони 273652 (82,2% ) гектари он даравида шудааст. Аз ин миқдор замини дарав шуда, 265492 гектари он кӯфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16990 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумӣ айни ҳол 584229 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли сипаригардида 42102 тонна камтар гардидааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 22,0 сентнериро ташкил медиҳад. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав дар ин мавсим ҳамагӣ 950 адад буда, 324 адади он машғули дарави ғалла мебошанд. Дар вилояти Суғд майдони кишти ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо ҳамагӣ 111 ҳазору 402 гектар буда, то имрўз майдони 77594 (69,7%) гектари он даравида ва кӯфта шудааст. Ҳосили умумӣ 132617 тонна буда, ҳосилнокӣ аз як гектар замин ба 17,1 сентнерӣ рост меояд. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 489 адад буда, аз он 125 ададаш машғули дарави ғалла мебошад. Майдони кишти ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ дар вилояти Хатлон 151696 гектар мебошад ва айни ҳол майдони 143582 (94,7%) гектар замин дарав шуда, 142198 гектари он кӯфта шудааст. Ҳосили умумӣ 361980 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14314 тонна камтар гардидааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар ба 25,5 сентнер баробар мебошад. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 239 адад буда, 155 адади он машғули дарави ғалла мебошанд. Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ майдони киштшудаи ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ 63662 гектар буда, аз он 50601 (79,5%) гектараш дарав шуда, 44524 гектари он кӯфта шудааст. Ҳосили умумӣ 87666 тонна мебошад ва ҳосилнокӣ аз як гектар ба 19,7 сентнерӣ рост меояд. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 221 адад буда, 43 адади он барои дарави ғалла равона шудаанд. Дар ВМКБ майдони кишти ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 6340 гектар буда, алҳол 1875 (29,6%) гектар замин дарав шуда, 1176 гектараш кӯфта шудааст, ки ҳосили умумӣ 1966 тонна, ҳосилнокӣ аз як гектар ба 16,7 сентнерӣ баробар мебошад. Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ҷамъоварии беталафи ҳосили ғалладонагӣ ва гандум муташаккилона идома дорад.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






