АДИБИ ТОҶИК ДАРГУЗАШТ

Август 2, 2010 12:20

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Шоми рӯзи 1-уми августи соли равон рӯзноманигор, олим ва адиби тоҷик Иноят Насриддин дар синни 64-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Иноят Насриддин 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхи, вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1967 Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намуда, солҳои зиёд дар радио ва телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият намудааст. Аз соли 1995 то соли 2007 дар Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Ӯ бо унвони фахрии Ходими хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон ва Ифтихорномаи фарҳанги Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мукофотонида шудааст. Бояд ёдрас шуд, ки Иноят Насриддин яке аз драматургони маъруф ба шумор рафта, асарҳои саҳнавиашро қариб дар ҳама театрҳои кишвар ба саҳна гузоштаанд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» аз марги Иноят Насриддин андӯҳгин буда, ба аҳли хонадони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд. Ёдатон ба хайр устоди арҷманд!                                                                                                                   

Август 2, 2010 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд