Э. РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАКТАБИ НАВИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ ИШТИРОК НАМУД

Август 24, 2010 13:32

24 августи соли 2010 аз ноҳияи Фархор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ ташриф оварда, нахуст дар маросими ба истифода додани мактаби нави таҳсилоти умумии рақами 53  иштирок намуд. Чунонки зимни шиносоӣ маълум шуд, ин муассисаи нави таълимӣ бо харҷи қариб  4,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои таҳсили 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Мактаб бо тарҳи замонавӣ бунёд ёфтааст ва бо шароити беҳтарини таълимиаш бояд ба яке аз мактабҳои намунавии ин минтақа табдил ёбад. Синфхонаҳои фаннии он бо техника ва технологияи муосири таълимӣ, аз ҷумла бо тахтаи электронӣ ва дигар василаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гаштаанд. Синфхонаи компютерии он ба шабакаи ҷаҳонии Интернет низ  пайваст аст. Мактаб дорои синфхонаҳои технологияҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла синфхонаи муҷаҳҳази дўзандагӣ мебошад. Китобхонаи он ѓанӣ аз китобҳои илмию таълимӣ ва дигар воситаҳои мактабӣ аст. Дар саҳни ҳавлии мактаби навбунёд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият, фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Восеъ мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод, ки бо самимияти хосса ҷараён гирифт. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аҳли мактаб ва мардуми ҷамъомадаро бо наздикшавии соли нави таҳсил, рўзи дониш ва солгарди 19 – уми ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардумро ҳамчунин ба риояи дурусти талаботи қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ оид ба додани хайроту садақот, закот ва фитри рўза ба эҳтиёҷмандони воқеӣ ва пешгирӣ аз зиёдаравӣ дар  гузарондани расму оини динию мардумӣ ҳидоят намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.      

Август 24, 2010 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд