НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОНРО ҒОРАТ КАРДАНД
Кубан, 2 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар ноҳияи Темрюки Кубани Федератсияи Русия сокинони маҳаллӣ ба намояндагони Кумитаи олимпии Тоҷикистон ҳамла карда, онҳоро лату кӯб намуда, чизу чораашонро ғорат карданд. Намояндагони Кумитаи олимпии Тоҷикистон омӯзгори Донишгоҳи техникии ҷумҳурӣ Алишер Хушвахтов ва муаллими забони олмонии мактаби миёна Сайдалӣ Азизов бо велосипед ба сайёҳати шаҳру вилоятҳои Русия баромада буданд. Хабар дода мешавад, ки сокинони деҳаи Старотитаровскии ноҳияи Темрюки Кубан савори мошини сабукрав сайёҳони тоҷикро дар роҳ боздошта, онҳоро лату кӯб кардаанд ва велосипеду фотоаппарат, телефон ва асбобу анҷоми шахсиашонро бо зурӣ кашида гирифтаанд. Сайёҳони тоҷикро яке аз сокинони маҳаллӣ дар хонааш ҷой дода, кормандони милисаро даъват намуд. Шахсони шубҳанок дар муддати кӯтоҳ дастгир карда шуданд. Асбобу анҷоми сайёҳон ба онҳо баргардонида шуд. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст, гунаҳкорон айни ҳол дар шӯъбаи милиса нигоҳ дошта мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Алишер Хушвахтов ва Сайдалӣ Азизов 20 апрел аз шаҳри Душанбе савори велосипед ба сайёҳати мамлакатҳои ҷаҳон баромада буданд. Онҳо нияти доранд, ки зимни сафар зиёда аз 1000 маҳалли аҳолинишини Русия, Эрон ва мамлакатҳои дигари ИДМ-ро тай кунанд. Ҳадафи сафари намояндагони Кумитаи олимпии Тоҷикистон дастгирии гузаронидани бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Сочи мебошад. Онҳо аллакай шаҳрҳои Бишкек, Алма-ато, Челябинск, Перм, Ижевск, Қазон, Нижний Новгород, Маскав, Минск, Киев, Одесса, Феодосия ва Керчро тай карданд. Сафари сайёҳони тоҷик давом дорад. Умед аст, ки онҳо дигар ба чунин вазъияти ногувор дучор нахоҳанд гашт.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






