СЕХИ НАВИ ТРАНСФОРМАТОРТАЪМИРКУНӢ

Август 27, 2010 16:22

Ваҳдат, 27 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Дар арафаи ҷашни  Истиқлол корҳои сохтмонию васлгарӣ ва  азнавтаъмиркунӣ  дар заводи таъмирию  техникӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори заводи  таъмирию механикии  шаҳри Ваҳдат Тоҳир Икромов  иттилоъ дод, ба истиқболи  ҷашни  Истиқлолияти  кишвар дар назди  завод боз як коргоҳи  нави таъмири  трансформаторҳои  иқтидорашон аз 1000 то 6500 кВт  ба истифода дода шуд. Тоҳир Икромов  афзуд, ки  аввалин трасформатори  аз таъмир баровардашударо  ба ҶСШК «Мурғи Ҳилол»-и  ноҳияи Файзобод ба истифода додем.Инчунин, корхона  баҳри беҳбудии  кори асалпарварон  дар коргоҳ мошинаҳои асалкашӣ  истеҳсол менамояд, ки  он кори  асалпарваронро  чанд маротиба  осон мегардонад.  

Август 27, 2010 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд