ТАМДИДИ МӮҲЛАТИ ОЗМУНИ ЖУРНАЛИСТОН
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Мӯҳлати озмуни журналистони Тоҷикистон дар мавзӯи «Решаҳои таърихии дӯстии Тоҷикистону Русия ва ояндаи он» дароз карда шуд. Қарори мазкур бинобар сабаби хеле ҷиддӣ будани мавзӯъ ва мундариҷаи озмун қабул гардид, аз ин рӯ ба журналистон барои пурра омода шудан вақти зиёд дода шуд. Дар ин бора аз «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии Авруосиёӣ» дар ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ёдовар мешавем, ки дар озмун журналистони Агентиҳои иттилоотии ҶТ ва хабарнигорони мустақили Тоҷикистон метавонанд иштирок намоянд. Мавзӯъ ва мазмуни асарҳои нашршуда бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ таҷрибаи таърихии муштараки мардуми Тоҷикистон ва Русия, муносибатҳои байни ҳамдигарии халқҳо, нақш ва аҳамияти ин муносибатҳои муштарак дар барқарор ва мустаҳкамгардонии давлатдорӣ, монандӣ ва фарқияти раванди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии давлатҳо ва дурнамои рушди муносибатҳоро инъикос менамояд. Ҳайати ҳакамон ҳаққи муаллифӣ, дурустии сарчашма ва таҳлил, ба қоидаҳои журналистӣ ҷавобгӯ буданро ба назар мегиранд. Ғолибони озмуни «Решаҳои таърихии дӯстии Тоҷикистону Русия ва ояндаи он» бо шаҳодатнома ва мукофоти пулӣ ба маблағи 1000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






