ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ ҲИФЗ МЕШАВАНД

Август 24, 2010 10:38

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд,  айни ҳол аз ҷониби вазорати мазкур нисбат ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ» дар вилоятҳои Суғду Хатлон як силсила тадбир андешида мешаванд. Аз ҷумла, барои кормандони ҳифзи ёдгориҳо дар маҳалҳо маҷмўаи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва дастурамалҳо нашр гардида, ба шаҳру ноҳияҳо фиристода шуд. Ҷиҳати вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ бо дархости вазорат Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбир андешида, ба раиси хоҷагии деҳқонии «Марказ»-и ноҳияи Ҷилликӯл Ҷ. Азизов барои хароб кардани ёдгории Қалъаи Шодигӣ тибқи моддаи 148 Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дар шакли ҷарима муайян намуд. Ҳамчунин, раиси шаҳри Панҷакент муваззаф гардид, ки оид ба бартараф кардани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда нисбат ба ёдгориҳо пешниҳод ирсол намояд. Бояд ёдрас шуд, ки Вазорати фарҳанг бо мақсади амалӣ кардани қонуни зикршуда бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ҳамкории зичро ба роҳ монда, фаъолияти худро пурзўр менамояд. Масалан, даъвои Вазорати фарҳанг оид ба қарори ғайриқонунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор таҳти рақами 534 дар бораи ба шаҳрванд Нуров Шоҳин додани ҳуқуқи истифодаи 0,66 га. замини Мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор тасдиқ гардида, барои баргардонидани ҳудуди тасарруфшуда аз ҷониби кормандони мамнўъгоҳ ба суди ноҳияи Ҳисор аризаи даъвогӣ ирсол гардидааст.    

Август 24, 2010 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад