ЧАРО БА ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ИҶОЗАТИ САФАР ДОДА НАШУД?

Сентябрь 7, 2010 11:48

       Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба 2 нафар донишҷӯ ва 11 нафар омӯзгорони  муассисаҳои  таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки асосан аз шаҳри Хорӯғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа буданд, дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе  аз ҷониби мақомоти марбутаи кишвар иҷозати сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дода нашуд.       Тибқи иттилои мудири бахши рушди  таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Сангов, ин гурӯҳ  аз ҷониби  Ҷамъияти  илмию фарҳангии  мероси «Аҷам» дар ҳамкорӣ бо Ройзании фарҳангии Сафорати Эрон дар Душанбе бидуни  мувофиқатнома бо Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута мебоист барои таҳсил ба муддати як моҳ ба Эрон фиристонида мешуд. Яъне гурӯҳи муҳассилини тоҷик на аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва на аз дигар мақомоти  салоҳиятдор ягон ҳуҷҷати расмӣ надоштанд. Зимни сӯҳбат бо донишҷӯёни тоҷик аён гардид, ки онҳо намедонанд, ки ба кадом шаҳри Эрон барои таҳсил мераванд, гуфт, Р. Сангов. Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки бархе аз ҷавонони тоҷик ба муддати кӯтоҳ ба кишварҳои хориҷӣ барои таҳсил мераванд, вале солҳо дар он ҷойҳо мемонанд.          Намояндаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ гуфт, ки тибқи Ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистону Эрон дар бахши маориф, алҳол 100 нафар донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии ин кишвар таҳсил менамоянд. Вале,  сафари хидматии  муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов ба Эрон нишон дод, ки дар муассисаҳои таълимии ин давлат 479 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки синнашон аз 5 то 49 сол аст,   таҳсил доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад,  беш аз 200 нафар донишҷӯёни эронӣ, асосан дар донишгоҳҳои миллӣ, техникӣ, тиббӣ, аграрӣ,  тиҷоратӣ, исломӣ, омӯзгорӣ ва санъат таҳсил менамоянд.        Раҷабалӣ Сангов гуфт, ки беш аз 6 ҳазор донишҷӯёни тоҷик айни замон дар донишгоҳҳои кишварҳои гуногуни дунё ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз он танҳо 2000 нафарашон дар асоси қарордодҳои байнидавлатӣ ва  Созишномаҳои ҳамкорӣ  таҳсил менамоянд. Иҷозати сафар надодан ба донишҷӯёни тоҷик ба Эрон дар ҳоле ҷараён гирифт, ки ҳафтаи гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба навоҳии ҷануби кишвар ва мулоқот бо кормандони бахши маорифи ҷумҳурӣ аз волидайн даъват ба амал овард, ки фарзандонашонро, ки дар мактабҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, бозгардонанд. Зеро зуҳури баъзе аз равияҳои тундгаро ва мазҳабӣ дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон далели он аст, ки бархе аз ҷавонони тоҷик зимни таҳсил дар мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ ниҳод, тафаккур ва андешаи худро тағйир дода, ҳамчун тарғибгари баъзе равияҳои тундгарои экстремистӣ  ба Тоҷикистон бармегарданд.

Сентябрь 7, 2010 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст