Э. РАҲМОН: «ТАТБИҚИ СМР-ШАҲОДАТИ РУШДИ ВАЗЪИ ИҚТИСОДӢ ДАР ҶТ»
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – «Мо аз аввалинҳо шуда бо кўмаки Созмони Милал арзёбии фарогири эҳтиёҷоти кишварро гузаронидем. Аз рўи он Тоҷикистон дар тўли даҳ соли оянда ҷиҳати таъмини пешрафти зарурӣ дар амалӣ намудани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (ҲРҲ) ба 13 милиард доллари амрикоӣ ниёз дорад», — тазаккур дод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии «Ҳадафҳои Ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон», 20 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк. Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар асоси ин эҳтиёҷот Стратегияи миллии рушд барои солҳо 2006-2015 ва Стратегияҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2006-2008 ва 2010-2012 таҳия шуданд. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки бевоситаи Созмони Милал омода гардид ва декабри соли 2005 дар қароргоҳи Созмони Милал муаррифӣ шуд, муносибати усулан наверо нисбат ба таъмини рушд таҷассум кардааст. Он таҷрибаи ҷаҳонии таҳия ва татбиқи чунин санадҳои стратегӣ, дарсу натиҷаҳои марҳалаҳои гузаштаи тараққии кишвар, инчунин воқеияти вуҷуддоштаву дурнамои инкишофро ба назар гирифтааст. Ин санадҳо, қабл аз ҳама, ба таъмини рушди босуботи иқтисод ва боло бурдани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки татбиқи Стратегияи миллии рушд дар бораи беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад. Масалан, сарфи назар аз бўҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳон тамоюли афзоиши Маҷмўи Маҳсулоти Дохилӣ ба назар расида, дар нимаи аввали соли 2010 ин афзоиш 7,4 фоизро ташкил додааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 12 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ 9,2 фоиз зиёд шудааст. Тамоюлҳои мусбии ҳаҷми савдои чакана (12 фоиз) ва хидматҳои пулакӣ (15,1 фоиз) вуҷуд дошта, дар бозори истеъмолӣ сатҳи таваррум 2,8 фоизро ташкил додааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






