ФАРОГИРИИ 38 НАФАР КӮДАК БА ОМӮЗИШ
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дар Маркази таълими калонсолон бахши мониторинги кӯдак оғоз шуд, ки дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 50 кӯдаки аз 5 то 17 – сола мавриди омӯзиш қарор гирифтанд,-иттилоъ доданд аз бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ. Ин кӯдакони маъсум новобаста аз синну сол дар корҳои вазнин истифода мешуданд. Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, Маркази таълими калонсолон 38 – нафари онҳоро дар бахшҳои қаннодӣ, дӯзандагӣ, устои қубурҳои обгузар ба омӯзиш фаро гирифтанд. Корҳои ҷустуҷӯӣ ва мониторинги кӯдакон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад.