ИТАЛИЯ ДАР ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ШИРКАТ МЕКУНАД

Сентябрь 13, 2010 17:20

Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Италия Эъломияи муштарак оид ба созмон додани Форуми машварати байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва молиявӣ ба имзо расид. Эъломияи мазкурро муовини вазири рушди иқтисод ва  савдои Тоҷикистон Саидаҳмад Назриев ва муовини вазири рушди иқтисоди Италия Адолфо Урсо имзо карданд.  Ёдовар мешавем, ки бо мақсади густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Италия 13 сентябр ҳайати расмии Италия ба Душанбе ташриф овард. Дар ҷараёни сафар ҳайати Ҷумҳурии Италия бо роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия ва дар Палатаи савдо ва саноат бо соҳибкорони Тоҷикистон мулоқот намуд. Ҳайати Италия ҷониби Тоҷикистонро бо дастовардҳои иқтисодии худ шинос намуда, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, савдои байналмилалӣ ва коммуникатсия муҳокима намуд. Тарафҳо имкониятҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи энергетика ва саноат, бахусус иштироки сармоягузорони итолиёвиро дар лоиҳаҳои энергетикӣ, ташкили истеҳсолоти муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва нуриҳои минералӣ махсус зикр намуданд.

Сентябрь 13, 2010 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад