КАДРҲОИ ҶАВОНИ БАЛАНДИХТИСОС-ОЯНДАИ ДАВЛАТ

Сентябрь 17, 2010 16:46

 Суғд, 17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Пеш бурдани сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва кадрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масоили мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Зеро Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 25 апрели соли 2008 ҷоннок намудани самти сиёсати кадриро таъкид дошта, аз ҷумла гуфта буд: «Барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати фаъолияти низоми идоракунии давлатӣ аз зиёд кардани шумораи мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ худдорӣ намуда, бояд бештар ба тарбияи кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбиниву дониши амиқи касбиву сиёсӣ, қобилияти ташкилотчигиву кордонӣ, малакаи идоракунӣ, инчунин, шахсони масъулиятшиносу ватандӯст, забондон ва аз технологияи муосир бархурдор таваҷҷӯҳ бояд кард. Дар ин раванд ба масъалаи аз байни ҷавонон ва занону духтарони лаёқатманду соҳибмаърифат интихоб кардан ва ба вазифаҳои роҳбарикунандаву масъул пешбарӣ намудани онҳо эътибори ҷиддӣ бояд дода шавад».             Супоришҳои Сарвари давлат, ниёзмандии Давлату Ҳукумат ба кадрҳои ҷавони ихтисосманди идоракунии давлатӣ, соҳаҳои ҳуқуқ, илму фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва амсоли инҳо буд, ки дар таърихи Истиқлолият бори аввал магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад, барои хизматчиёни давлатӣ дари худро боз намуд.             Донишкадаи мазкур 61 нафар хизматчиёни давлатии соҳаҳои гуногунро тариқи озмун аз мақомоти давлатии марказӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ интихоб намуда, барои таҳсил иҷозат дод. Тақрибан як сол мешавад, ки  магистрантони Донишкада таҳсили илм доранд ва айни замон дар арафаи хатми таҳсил қарор доранд. Дар ин муддат якчанд устодони соҳибтаҷриба Г.Қосимов, Г.Шарофзода, Х.Нуриддинов, А.Сайфиддинов, К.Искандаров, Б.Ализода, Д.Муллоев, М.Ҳасанов, М.Ниёзов, М.Наимов ва дигарон аз фанҳои «Сиёсати кадрҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Идоракунии захираҳои инсонӣ», «Этикаи маъмурӣ дар хизмати давлатӣ», «Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Идоракунии давлатӣ», «Сарварӣ дар идоракунии давлатӣ», «Таърих ва низоми идоракунии давлатӣ», «Менеҷмент» ва ғайра дарс гуфтанд, ки роҳу равиши он шавқовартар ва шоистаи арзёбист. Ҳамаи мавзӯъҳои дарсӣ  бо таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, таърихи фаъолият дар кишварҳои гуногун муқоиса шуда, таҷрибаи пешқадами он кишварҳо ва мутобиқати онҳо ба муҳити Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт. Барои анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷустуҷӯи адабиёт китобхонаи Донишкада бо   адабиёти зарурӣ, компютерҳои замонавӣ ва пайвастшавии он ба шабакаи интернетӣ хизмат намуд, ки ягон  магистрант зимни омӯзиш  мушкилиро дар  худ эҳсос намекард. Синфхонаҳо бо шароити мусоиди техникии замонавӣ таъмин   буда, азхудкунии дарс   ва муносибатҳои самимонаи роҳбарияту кормандони Донишкада мушкилиро эҷод намекард. Муносибати хуби устодон шавқу рағбати шогирдонро нисбат ба илм ва донишомӯзӣ боз ҳам бештару афзунтар менамуд.             Боварӣ ва эътимоди қавӣ дорем, ки хизматчиёни давлатӣ аз ин мактаби маънавӣ бо донишу малакаи муосир ва азхудкунии таҷрибаи пешқадами роҳбарӣ бо таассуроти хотирмон баргашта, минбаъд барои пурзӯр намудани самтҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ, ободониву созандагӣ ва пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ҳиссаи арзандаи худро  мегузоранд. Зеро ояндаи давлату миллатро бе кадрҳои баландихтисоси идоракунии давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.   

Сентябрь 17, 2010 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад