МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АНДЕРС ФОГ РАСМУССЕН
Нимаи дуюми рўзи 22 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Андерс Фог Расмуссен мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони соҳибнуфузи ҳарбӣ-сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерўҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд. Аз рафти ҳамкорӣ дар чаҳорчўби Барномаи Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ “ҳамёрӣ барои сулҳ” изҳори қаноатмандӣ карда шуд, аз ҷумла аз мусоидати НАТО дар татбиқи барномаҳои вобаста ба масъалаҳои минаҳо ва таҳкими амнияти сарҳадӣ. Ба имзо расидани Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Сохтори Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ оид ба таъминоти техникӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти моддию техникӣ ва ҳамчунин таъсиси қарибулвуқуи Китобхонаи НАТО дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боиси хушнудӣ арзёбӣ гардид. “Мо ба Барномаи инфиродии ҳамёрӣ миёни Тоҷикистон ва НАТО барои солҳои оянда чун воситаи муҳими таҳкими ҳамкорӣ таваҷҷўҳи хоса дорем”, изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Муборизаи муштарак ва омодасозии кадрҳою нерўҳои махсуси зиддитеррористӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созмони НАТО –ро ба ҳамкории бештари иқтисодию сармоягузорӣ бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба хотири мусоидат ба барқарорсозии иқтисоди харобгаштаи ин давлат даъват намуд. Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҷонибҳо омодагии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






