МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО ТОДДИ ШНАЙДЕР

Сентябрь 14, 2010 12:49

 Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари нави Бахши Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Тодди Шнайдерро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили татбиқи амалии барномаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ дар нимсолаи якуми соли равон, нақшаҳо барои нимсолаи дуюми имсол ва соли 2011 баррасӣ шуд. Аз афзоиши ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, ки бо вуҷуди идомаи таъсири манфии  бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои номатлуби берунӣ дар 8 моҳи соли равон 6,1% — ро ташкил додааст ва дар сатҳи 4,8% нигоҳ дошта шудани таваррум изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба гуфти Тодди Шнайдер, «нишондодҳои макроиқтисодии имсолаи Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин кишвар тадриҷан аз бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ берун шуда истодааст». Ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Президенти ҶТ хабар доданд.  

Сентябрь 14, 2010 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад