ОМӮЗИШИ РОҲҲОИ ДАРЁФТИ АШЁИ ХОМ БА КОРХОНАҲОИ НАССОҶИИ КИШВАР
Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» ва бо мақсади таълими роҳҳои дарёфт ва хариди ашёи хом ба корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар, мушовири байналмилалии Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) Дорин Тан ба Душанбе меояд. Барномаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Зимни сафари кории худ Дорин Тан аз баъзе корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар боздид намуда, 21-22-юми сентябр дар Душанбе семинари омӯзиширо баргузор менамояд. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байнлмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ба иштирокчиёни семинар асосҳои харид ва таҳвили ашёи хом, ҳамчунин, роҳу усулҳои дарёфти тавлидгарони ашёи хом ва муайян намудани сифати маҳсулоти онҳо омӯзонида мешавад. Ҳамзамон, иштирокчиёни он бо даҳгонаи аввали кишварҳои содиркунандаи матоъ ошноӣ пайдо карда, дар бораи талаботи умумӣ ва шартҳои бастани қарордодҳои байналмилалии тиҷоратӣ маълумот хоҳанд гирифт. Илова бар ин, ҳангоми дарсҳои амалӣ ва намоиши наворҳои видеоии озмоишгоҳи санҷишӣ, корхонаҳо, услубҳои мустақилона муайян кардани сифати матоъро хоҳанд омӯхт. Дар семинар роҳҳои дарёфт ва хариди маводи лозима, санҷиш ва назорати матоъ, асосҳои нассоҷӣ, омодагӣ ва омӯзиши аҳамияти сафарҳо ҷиҳати харидории матоъ ва омодагӣ ба намоишгоҳи Шанхай баррасӣ мешаванд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






