ОЗМУНИ УСУЛҲОИ НАВОВАРОНА

Сентябрь 3, 2010 13:57

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Вазорати кишоварзии мамлакат ҷамъбасти озмуни «Тарзи беҳтарини  идораи хоҷагии фермерӣ» баргузор гардид. Дар ҷамъбасти озмуни мазкур Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосимҷон Қосимов ширкат намуд. Ёдовар мешавем, ки моҳи марти  соли ҷорӣ барномаи «Мусоидат баҳри ташкили  хадамоти машварати миллии кишоварзӣ дар Тоҷикистон (SENAS) бо дастгирии Вазорати Кишоварзӣ дар мавзӯи «Тарзи беҳтарини  идораи хоҷагии фермерӣ» озмун эълон намуд. Мақсади ин барнома аз ошкор намудани  таҷрибаҳои пешқадам (инновационӣ), кори самараноки  фермерон ва  мушовирон, ҳавасмандкунии деҳқонон ва мушовирон ба ворид намудани  технологияҳои пешқадам ва паҳн намудани  таҷрибаҳои пешқадам  дар байни дигар деҳқонон иборат буд.             Барои иштирок дар озмун  22 пешниҳод қабул гардид. Мувофиқи шартҳо аз ин 22 пешниҳод 13-тоаш аз тарафи  комиссия рад карда шуд. Нӯҳтояш интихоб гашта  дар ҷойҳо омӯхта  шуданд.                       Мавзӯҳои  асосии пешниҳодҳои  навоварона инҳо  буданд: парвариши сабзавоти  барвақтӣ бо ниҳол  дар гармхонаҳо, парвариши сабзавот дар гармхонаҳои оддӣ, обёрии қатрагин, бо парварда парвариш намудани  тарбуз ва шолӣ, парвариши якҷояи  помидор  ва ҷуворимакка, парвариши пахтаи органикӣ. Аз нӯҳ пешниҳод сетоаш интихоб гардид ва инҳо соҳиби ҷоиза гардиданд.             Ҷоизаи аввал-5000 сомонӣ буда, онро деҳқон  аз ноҳияи ба номи Рӯдакӣ Солиев Ҳикматулло барои таҷрибаи  навовар «Парвариши помидори барвақтӣ дар гармхона бо истифодаи  усули қатраобёрӣ» соҳиб гардид.             Ҷоизаи дуюм — 3000 сомонӣ буд, ки он ба деҳқон аз ноҳияи  Ҳамадонӣ Мадалиев Бобомурод барои таҷрибаи  навоваронаи  «Парвариши якҷояи помидор бо ҷуворимакка» супорида шуд.             Ҷоизаи сеюм 2000 сомонӣро  деҳқон Кӯчмуродов Неъматулло аз ноҳияи Панҷакент барои таҷрибаи  навоваронаи  «Парвариши  шолӣ бо усули парварда (кӯчатшинонӣ)» соҳиб гардид. Боварии комил дорем, ки  дар Тоҷикистон  таҷрибаҳои навоварона зиёда ҳастанд ва онҳоро  дар байни дигар  фермерон паҳн намудан зарур аст. Исбот карда шуд, ки  фермерон нисбат ба  нақли мушовирон  таҷрибаи фермерони  дигарро зудтар азхуд менамоянд. Бояд гуфт, ки баъд аз намоиши натиҷаҳои  озмун фермерону мушовирон  барои истифодаи  усулҳои пешқадами инноватсионӣ бештар  ҳавасманд мегарданд.

Сентябрь 3, 2010 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Саридораи геология ба 68 хоҷагӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсия додааст, ки ба маконҳои бехатар кӯч банданд
23 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ доир мешавад
Имсол дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» 260 нафар кӯдакону наврасон фароғат менамоянд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 45 дараҷа мерасад
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имсол дар телевизионҳои Тоҷикистон 39 лоиҳа ва барномаҳои нав намоиш дода шуданд
Ҳифзи Ватанро аз фазилатҳои Пешвои миллат бояд омӯхт!
22 июл дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Даври ниҳоӣ дар баландӣ. Дар Бадахшон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт