Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ доир мегардад

Июль 23, 2025 07:30

ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Хадамоти алоқа соати 09:00 (хиёбони Рӯдакӣ, 57) баргузор карда мешавад.

Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 11:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ,  Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 11:00 дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар Вазорати нақлиёт соати 15:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо баргузор мегарданд.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Июль 23, 2025 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид