ШАРОИТИ ХУБ-ОМИЛИ ПЕШРАВӢ

Сентябрь 17, 2010 15:44

           Шаҳраки Сомониён, 17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар соли  хониши 2010-2011 дар ноҳияи Рӯдакӣ 7 мактаби  нав сохта шуда,  дар 14 мактаби  дигар  синфхонаҳои иловагӣ  бунёд гашта, ба истифода дода шуд,- иброз дошт мудири  шӯъбаи маорифи  ноҳияи Рӯдакӣ Ҷумъабой Назаров  ба хабарнигори АМИТ «Ховар».             Умуман дар даврони  соҳибистиқлолӣ,  дар ноҳияи  Рӯдакӣ 51 мактаби  нав иборат аз 365 синфхона  барои 10950 хонанда бунёд шудааст.             Аз 1 сентябр  то имрӯз 325 нафар  муаллимон ба сафи  омӯзгорони ноҳия  ҳамроҳ гаштанд, ки  қисми зиёди онҳо  дорои маълумоти олиянд. Бояд гуфт, ки  тамоми  148 таълимгоҳи ноҳия ба зимистонгузаронӣ  омодагии ҳамаҷониба дида, сӯзишворӣ ва дигар маводи заруриро захира намуданд.  

Сентябрь 17, 2010 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш