ТАКМИЛИ СИЁСАТИ МЕҲНАТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 14, 2010 10:11

Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова). — 15 сентябри соли 2010 Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии Ҳисоботи таҳлилии «Сиёсати меҳнат дар Тоҷикистон»-ро баргузор менамояд. Бояд қайд кард, ки солҳои охир Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ, созмон додани ҷойҳои корӣ ва зиёд намудани чандирии бозори меҳнат диққати асосӣ ҷудо менамояд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯби Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2010-2012 таҳияи Стратегияи рушди бозори меҳнат пешбинӣ гардидааст. Аз ҷониби дигар, таҳияи ҳама гуна стратегияҳо бояд ба омӯзиши пурраи вазъ, тамоюл ва ояндабинии соҳа асос ёфта бошад. Тавре маълум аст, дар асоси тадқиқоти гузаронидашуда қарор қабул карда шудааст, ки таҳлили ҳамаҷонибаи сиёсати меҳнат дар Тоҷикистон гузаронида шавад. Инчунин, дар чаҳорчӯби ҳисобот масъалаҳои даромад ва пардохти музди меҳнат, ҳамчунин, омили баландбардории самаранокӣ ва рушди бозори меҳнат, масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ ва ширкати иҷтимоӣ, масоили муҳофизати  меҳнат ва воридшавии иҷтимоӣ, сиёсати идоравии молиявӣ ва сиёсати меҳнат, ҳамчунин, масъалаҳои хеле муҳими соҳаи меҳнат мавриди баррасӣ қарор ёфтанд. Ҳисоботи мазкур аз ҷониби мутахассисони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ташхисгарони байналмиллалию миллӣ ва бо дастгирии техникию таҳлилии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кӯмаки техникӣ ба Барномаи дастгирии сиёсати секториалӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ-бахши сиёсати меҳнат» омода шудааст. Ин ҳисобот танҳо қадами нахустин дар фаҳмиш ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба соҳаи  меҳнат дар Тоҷикистон мебошад. Хулосаҳо ва тавсияҳои ҳисоботи мазкур ҳангоми коркарди Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Сентябрь 14, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст