ТИФЛИ НАВЗОД ДАР «СОМОН-ЭЙР»

Сентябрь 14, 2010 16:29

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 10 сентябри соли 2010 дар дохили ҳавопаймои ширкати «Сомон-Эйр», ки аз самти Маскав ба Душанбе парвоз мекард, тифл ба дунё омад.
Тавре аз маркази матбуоти ширкати мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, як соат пеш аз фурӯд омадани ҳавопаймо мусофири 29 сола Мастибегим Ғуломюсупова, аз дарди шикам шикоят намуд. Танҳо баъди азназаргузаронии стюардессаҳо Александра Колчанова ва Мадина Эшонқулова, маълум гардид, ки М. Ғуломюсупова дар моҳи охирини ҳомиладорӣ қарор дорад.
Хушбахтона, миёни мусофирон момодоя Саодат Каримова низ будааст, ки кӯмаки худро ба бемор фавран расонид.
«Бо шарофати кӯмаки мутахассиси касбӣ ҷараёни таваллуд зуд ва бомуваффақият анҷом ёфт. Айни замон аҳволи модару писар хуб аст. Пас аз фурӯд омадани ҳавопаймо дарҳол онҳоро ба таваллудхонаи № -1-и пойтахт фиристоданд. Чунин ҳодиса дар дохили ҳавопаймои «Сомон-Эйр» бори аввал ба қайд гирифта шуд» -хабар доданд аз маркази матбуоти ширкати «Сомон-Эйр».

Сентябрь 14, 2010 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад