ВАКСИНА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ТАБОБАТНАШАВАНДА
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Аз 13 то 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ва 34 ноҳияи Тоҷикистон, ки дар ин ҷойҳо бемории фалаҷ пештар ба қайд гирифта шуда буд, бар зидди ин беморӣ эм гузаронида мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори генералии Маркази ҷумҳуриявии профилактикию эмгузаронии Вазорати тандурустии ҶТ Соибназар Турков хабар дод. Тибқи гуфтаҳои ӯ эмгузаронӣ миёни кӯдакони то синни 15 сола гузаронида мешавад. Ба ғайр аз ин аз 4 то 8 октябр ва аз 8 то 12 октябр дар Тоҷикистон давраи 5 ва 6-уми эмгузаронии миллӣ муқобили фалаҷ, ки ҳамчунин тамоми кӯдакони то синни 15 соларо дар бар мегирад, гузаронида мешавад. Ёдовар мешавем, ки чор даври аввали эмгузаронӣ зидди ин бемории вазнини табобатнашаванда дар Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2010 гузаронида шуда буд. Эмгузаронӣ дар миёни кӯдакони синни томактабӣ ва мактаббачагони муассисаҳои мактабӣ, ҳамчунин, дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои тиббии ҷойи истиқомат доир мегардад. Ба минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ гурӯҳи махсусро барои дар хона эм намудани кӯдакон сафарбар менамоянд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Рӯзҳои миллии эмкунӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Ташкилоти ЮНИСЕФ гузашта истодааст. «Бо ин мақсад 19 сентябр ба Тоҷикистон қариб ба миқдори 9 миллион вояи ваксина оварда мешавад, ки он фарогири 3 миллион кӯдак мебошад», — хабар дод манбаъ.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






