ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ ҲАМКОРИРО БО ХИТОЙ ВУСЪАТ МЕДИҲАД
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 6 сентябри соли равон вазири кишоварзии ҶТ Қосимҷон Қосимов муовини вазири Департаменти кишоварзии минтақаи мухтори Синзяну Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Хитой Ли Хунюнро қабул намуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, зимни вохурӣ вазир қайд намуд, ки ин сафари ҳайат дар асоси шартномаи байнидавлатии Тоҷикистону Хитой, ки моҳи майи соли ҷорӣ ҳини сафари кории Президенти Тоҷикистон ба минтақаи Синзяну Уйғур ба тасвиб расида буд, анҷом дода мешавад. Инчунин бо мақсади дар оянда васеъ намудани ҳамкориҳо, Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Хитой Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ли Хунюн иброз намуд, ки ҷониби Хитой дар соҳаи технологияи нави кишти пахта дар зери плёнка, обдиҳии қатрагӣ хеле пешрафта буда метавонад, ҳамкориҳоро дар ин самт густариш диҳад. Инчунин, ҳамкориҳоро дар бахшҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, байторӣ, сохтани корхонаҳои муштарак оид ба коркарди меваю сабзавот ва ворид намудани техникаҳои гуногуни кишоварзӣ, ки пеш аз ҳама ба сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷ дорад, ба роҳ мондан мумкин аст, — гуфт Ли Хунюн. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва сатҳи баланди корӣ анҷом ёфт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






