«ҚИЁМИ РӮЗ» ДАР ГАМБУРГ

Октябрь 1, 2010 15:36

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Филми бадеии коргардони кинои тоҷик Носир Саидов «Қиёми рӯз», ки аз рӯи  асари Сафари Ҳақдод ба навор гирифта шудааст,  аз рӯи ҳисоб ҷоизаи ҳаштумро дар кинофестивали байналмиллалӣ, ки аз 17 то 26 сентябр дар шаҳри Фукуокои Ҷопон доир гардид, сазовор шуд.             Дар фестивал танҳо як мукофоти «Ҷоизаи тамошобин» таъсис шуда буд. Бо роҳи овоздиҳӣ ва пур кардани маълумотнома филми  тоҷикӣ дар радифи корҳои иштирокчиёни дигари фестивал аз Корея, Тайланд, Хитой, Индонезия, Ҳиндустон, Эрон, Австралия, Ҷопон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо, беҳтарин дониста шуда, соҳиби ҷоизаи тамошобинон гардид. Ин баҳои баландро филми «Қиёми рӯз» барои нишон додани ҳақиқатнигорӣ соҳиб шуд. Манзараи зебои дараи Варзоб, ки филм он ҷо наворбардорӣ шуда буд, либоси миллии қаҳрамонҳои филм, нақши диққатҷалбкунандаи ҳунармандон, оҳангҳои Далер Назаров ҳамаи ин дар якҷоягӣ ҷопониҳоро ба ваҷд овард ва онҳо санъати баланди синамогарони тоҷикро қадршиносӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши филми мазкур 21 августи соли гузашта дар кинотолори Ҷомӣ намоиш дода шуда буд. Пас аз ин дар 14 озмуни филмҳои бадеии калонҳаҷм дар фестивалҳои байналхалқии Маскав, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса ва дигар давлатҳо намоиш дода шуд. Иҷрокунандаи нақши асосӣ Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Русия Юрий Назаров соҳиби ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона» гардид. Рӯзҳои наздик филми «Қиёми рӯз» дар киноҷашнворае, ки аз 3 то 9 октябр дар шаҳри Гамбурги Олмон мегузарад, намоиш дода мешавад.  

Октябрь 1, 2010 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд