ҲОШИМИЁН: «МО БА ҶАЛБИ БЕШТАРИ САРМОЯ БА ҶТ ОМОДАЕМ
Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбари ҳайати парлумонии Эрон Ҳусейн Ҳошимиён баррасӣ шуд. М. Убайдуллоев ташрифи ҳайати парлумонии Эронро ба Тоҷикистон барои татбиқи ташаббусҳои созандаи Сарони ҳар ду кишвар қадами муассир арзёбӣ карда гуфт, ки он дар татбиқи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва дар таърихи муносибатҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар саҳифаи навро боз хоҳад кард. «Ду кишвари дӯст имкон доранд дар марҳилаи кунунии муносибатҳо аз потенсиали мавҷуда истифода намуда, ҷиҳати пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ барномаҳои муштараки иқтисодиро амалӣ намоянд», афзуд М. Убайдуллоев. Ҳошимиён гуфт, ки Эрон барои ҷалби бештари сармоягузорони эронӣ ба Тоҷикистон омодааст дар татбиқи лоиҳаҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар бахши гидроэнергетика, истихроҷи маъдан, газу нафт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди технологияи муосир, туризм ва коммуникатсия саҳмгузор бошад. Мусоҳибон, ҳамзамон масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ карданд. Ҳусейн Ҳошимиён зимни сафари чаҳоррӯзаи худ ба Душанбе ва мулоқоташ бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон нимаи аввали 21 октябр ба ватанаш баргашт.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






