44 кг ҲАШИШ ДАР БОРХАЛТАИ ШАҲРВАНДИ ӮЗБЕКИСТОН
Суғд, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 23 октябри соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШКД ноҳияи Зафаробод дар ҳудуди заминҳои шаҳраки Х.Алиев, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷиянов Фурқат Абдулҳатович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи вилояти Сирдарё, ноҳияи Хавос, к. А. Навоӣ, х. 2, ҳ. 2, бекор, дастгир шуд. Зимни кофтуков аз борхалтаи дар дасташ буда 30 адад бастачаҳои селофанӣ, ки дар дохилашон 44 кг. 285 гр. маводи навъи ҳашиш ҷойгир буд, дарёфт ва мусодира шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Маҳмадулло Асадуллоев-сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






