7109 ХОНАНДАИ НАВИ КИТОБХОНАИ ФИРДАВСӢ
Душанбе 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Тайи нӯҳ моҳи соли 2010 ба Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ 4704 нусха адабиёти тозанашр, аз ҷумла 1926 нусха ба забони тоҷикӣ ворид гардида, 22920 нафар хонанда ба китобхона ташриф овардаанд, ки 7109 нафарашро хонандаи нав ташкил медиҳад. Дар китобхонаи мазкур дар ин давра конфронсу нишастҳои илмӣ таҳти унвони «Нақши Ваҳдати миллӣ дар тарбияи ватандӯстӣ-истиқлолиятшиносӣ», «Душанбе-пойтахти фарҳанги исломӣ», «Корнамоии ҷовидонаи халқи тоҷик», «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст», «Корупсия; проблема ва роҳҳои ҳалли он», «Рушди иттилооти илмӣ» ва Интернет-конфронси «Самтҳои гуногуни бунёд ва низоми электронӣ-китобдорӣ» баргузор гардиданд. Бо мақсади таҳкими базаи модӣ-техникии китобхонаҳои мамлакат аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ба шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 20500 сомонӣ, вилояти Хатлон 37775 сомонӣ, ВМКБ 22275 сомонӣ, дар мачмӯъ 80550 сомонӣ интиқол дода шуд. Дар ин бора Вазири фарҳанги ҶТ- Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни нишаст ба хабарнигорон ВАО хабар дод.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






