«АМОНАТБОНК» ФАЪОЛИЯТАШРО БА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ МУТОБИҚ МЕКУНАД

Октябрь 6, 2010 09:12

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5 октябри соли 2010 дар баробари маҷлиси ботантана, ки дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар тамоми гӯшаю канори мамлакат ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.        Дар Раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бахшида ба таҷлили ин санаи муборак, бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИҶТ Сайфиддин Назаров ва шоир, рӯзноманигор Абдуқодири Раҳим ҷамъомад баргузор гардид. Муовини раиси Раёсати бонк Сироҷиддин Икромов афзуд, ки дар сохторҳои «Амонатбонк» имрӯз ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории ҷаласаву маҳфил ва дигар воситаҳое, ки дар он забон ширкат мекунад, пурра ба забони давлатӣ сурат мегиранд ва роҳбарияти бонк ба сатҳи забондонӣ, бахусус, донистани забони давлатии кадрҳо диққати ҷиддӣ дода, баҳри баланд бардоштани савияи дониши онҳо корҳои зиёдеро амалӣ менамояд.       Дар маҳфил баррасии Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масоили ҳалталаби иҷрои талаботи он, саволу ҷавоб доир ба таърих, грамматика ва санъатҳои сухан сурат гирифт. Меҳмонон дар бораи дастовардҳои олимони тоҷик дар солҳои охир дар соҳаи забоншиносӣ, муаррифии китобу мақолаҳои илмӣ, қомусу луғатҳои нав, барномаҳои электронии забоншиносӣ, тозагии забони тоҷикӣ ва роҳҳои нигоҳдорӣ аз олудагиҳои номатлуби забон ва як зумра масъалаҳои дигар сўҳбати пурмўҳтаво доир намуданд. Мавриди ёдоварист, ки аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ бисту як сол сипарӣ гашт. То ҳамин сол Рӯзи забон санаи 22 июл таҷлил мегардид. 5 октябри соли 2009 Қонуни нави забон қабул шуд ва аз ин пас таҷлили Рӯзи забон ба ин сана иваз карда шуд.

Октябрь 6, 2010 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд
Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор гардид