АВВАЛИН ФУРУДИ F-50 ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Моҳи майи соли ҷорӣ намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана» ба Душанбе ташриф оварда, масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои доимиро дар хатсайри Алмаато-Душанбе мавриди муҳокима қарор дода буданд. Пас аз омӯзиши паҳлӯҳои иқтисодии бозори ҳамлу нақли хатсайри мазкур ширкати «Эйр Астана» тасмим гирифт, ки ҳафтае се маротиба парвозҳоро ба Душанбе анҷом диҳад. Дар мактубе, ки аз ҷониби менеҷери ширкати «Эйр Астана» Александр Небога ирсол шудааст, гуфта мешавад, ки мусофирбарӣ дар ин самт бо ҳавопаймои F-50, ки дар ҷаҳон яке аз ҳавопаймоҳои пурарзиш ба шумор меравад, анҷом дода мешавад. Дар фурудгоҳи Душанбе намояндагии доимии ширкати «Эйр Астана» таъсис дода шуда, барои парвозҳои транзитии минбаъда ба дигар кишварҳои мамолики ҷануби Тоҷикистон омодагӣ мебинад.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






