АЗ ЧИН ДУ ОЗМОИШГОҲИ НАВ ВОРИД ШУД
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 2 озмоишгоҳи Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт. Дар ин бора директори «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов 14 октябр, зимни нишасти матбуотӣ иттилооъ дод. Д. Ҳотамов бартарияти ин аккредитатсияро шарҳ дода, гуфт, ки қаблан агар стандартҳои Тоҷикистонро танҳо дар қаламрави кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф менамуданд, акнун онҳоро дар тамоми ҷаҳон қабул хоҳанд кард. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони байналмилалӣ оид ба стандартизатсия гашт, ки аз дастовардҳои назарраси соҳа дар даврони Истиқлол шаҳодат медиҳад. «Роҳбарияти «Тоҷикстандарт», пеш аз ҳама ба ду масъала – ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ ва баланд бардоштани савияи мутахассисони Агентӣ — аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Зеро, бе ташхисгоҳ ва мутахассиси варзида муайян кардани сифатнокии молу маҳсулот ғайриимкон аст», — илова намуд директори Агентии «Тоҷикстандарт». Мавриди зикр аст, ки дар давоми моҳи сентябр – октябри соли ҷорӣ «Тоҷикстандарт» аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ду озмоишгоҳи замонавӣ оид ба ташхиси сифат ва самаранокии фурӯзонакҳои каммасраф ворид намуд, ки як тои он дар дастгоҳи марказии «Тоҷикистандарт» ва дигараш дар маркази минтақавии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд ҷиҳозонида шуданд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






