АЗ ЧИН ДУ ОЗМОИШГОҲИ НАВ ВОРИД ШУД

Октябрь 14, 2010 11:12

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 2 озмоишгоҳи Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт. Дар ин бора директори «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов 14 октябр, зимни нишасти матбуотӣ иттилооъ дод. Д. Ҳотамов бартарияти ин  аккредитатсияро шарҳ дода, гуфт, ки қаблан агар стандартҳои Тоҷикистонро танҳо дар қаламрави кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф менамуданд, акнун онҳоро дар тамоми ҷаҳон қабул хоҳанд кард. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони байналмилалӣ оид ба стандартизатсия гашт, ки аз дастовардҳои назарраси соҳа дар даврони Истиқлол шаҳодат медиҳад. «Роҳбарияти «Тоҷикстандарт», пеш аз ҳама ба ду масъала – ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ ва баланд бардоштани савияи мутахассисони Агентӣ — аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Зеро, бе ташхисгоҳ ва мутахассиси варзида муайян кардани сифатнокии молу маҳсулот ғайриимкон аст», — илова намуд директори Агентии «Тоҷикстандарт». Мавриди зикр аст, ки дар давоми моҳи сентябр – октябри соли ҷорӣ «Тоҷикстандарт» аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ду озмоишгоҳи замонавӣ оид ба ташхиси сифат ва самаранокии фурӯзонакҳои каммасраф ворид намуд, ки як тои он дар дастгоҳи марказии «Тоҷикистандарт» ва дигараш дар маркази минтақавии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд ҷиҳозонида шуданд.   

Октябрь 14, 2010 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид