АЗ САНҶИШИ МУТОБИҚАТ ГУЗАРОНИДА ШУД

Октябрь 15, 2010 08:52

             Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади татбиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» дар 1978 корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ санҷишу корҳои профилактикӣ  гузаронида шуда, 174 ҳазору 174 адад воситаҳои ченак таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор дода шудааст,- иброз доштанд дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар».             Бино ба гуфти директори Агентии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ озмоишгоҳи метрологии «Тоҷикстандарт» 239 ҳазору 308 адад воситаҳои ченакро аз санҷиши мутобиқат гузаронидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009   19 ҳазор адад зиёдтар аст.             Ба гуфти ҳамин манбаъ, аз воситаҳои  ченаки  аз санҷиш гузашта 112 ҳазору 168 ададро воситаҳои ченаке  ташкил медиҳанд, ки ҳангоми баҳисобгирии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ истифода карда мешаванд.

Октябрь 15, 2010 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд