БУНЁД ВА ТАҶДИДИ МАКТАБҲОИ БАДАХШОН

Октябрь 18, 2010 15:59

 Бадахшон, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар нишасти матбуотие, ки бо иштироки роҳбарони Раёсати маорифи ВМКБ баргузор гашт, зикр гардид, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ мактабҳои рақамҳои 15, 50-и ноҳияи Ванҷ, 8, 14, 15. ва 16-и ноҳияи Ишкошим, 6-и ноҳияи Рӯшон, рақамҳои 20, 25-и ноҳияи Шуғнон, мактабҳои рақами 7 ва 27-и ноҳияи Роштқалъа мавриди истифода қарор гирифта, дар ин мактабҳо 106 синфхонаи нав  бунёд гардид. Бо маблағи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ барои мактабҳои рақами 10, 12 ва 18-и ноҳияи Роштқалъа ба маблағи 15071 сомонӣ мизу курсӣ харида шуд. Нахустин маротиба толибилмони ВМКБ дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ширкат варзида, соҳиби 7 медал ва дипломҳои дараҷаҳои 1 ва 2 гардиданд. Ҳамчунин, хонандагони макотиби вилоят бори нахуст аз рӯи асосҳои илм дар олимпиадаи ҷаҳонии мактаббачагон ба воситаи шабакаи Интернет иштирок намуда, аз ҷумлаи 900 нафар 199 нафарашон ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

Октябрь 18, 2010 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш