БУНЁДИ ҚАСРИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОН

Октябрь 25, 2010 14:29

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сохтмони Қасри  фарҳангии   ҷавонон  бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон       идома дорад.Дар иншооти мазкур айни замон корҳои асосӣ ба анҷом расида, қисмати дуюми корҳо, аз қабили  рангуборкунӣ, пардоздиҳӣ ва ороиши бино босуръат ҷараён доранд. Бояд гуфт, ки бунёди ин иншооти ҷашниро  Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд  бар ӯҳда дорад. Ёдовар мешавем, ки маблағгузорони иншооти мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, барои бунёди он беш аз 7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.  

Октябрь 25, 2010 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд