ДАЪВАТИ ШИРКАТҲОИ РОҲСОЗӢ БА ОЗМУН
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати таъмири асосии кӯчаи Дӯстии халқҳо, аз бурриши кӯчаи С.Айнӣ то ҳалқаи назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» тендер мегузаронад. Аз ин рӯ бо мақсади самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва фароҳам овардани шароити рақобати солим ташкилоти сохтмонии пудратӣ ва ширкатҳои ватанию хориҷиро ба озмун даъват менамояд. Озмун 4 ноябри соли 2010, соати 16.00 дар бинои маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди — оинномаи корхона, иҷозатнома барои иҷрои корҳои сохтмону таъмирии роҳҳои автомобилгард ва маҳсулоти он, маълумоти иловагӣ оид ба дараҷаи тахассусии кормандон, ҳаҷми корҳои иҷрошудаи таъмир ва сохтмони роҳҳои автомобилгард дар 2-3 соли охи рва дигар санадҳо ба инобат гирифта мешаванд. Дархостҳо бояд то 3 ноябри соли 2010 ба фармоишгар -Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» супорида шаванд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






